“Ин фоҷиа аст”: нигаронии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз таътили мактабҳо

© POOL / Гузариш ба медиабонкГенеральный секретарь Организации Объединенных Наций (ООН) Антониу Гутерреш
Генеральный секретарь Организации Объединенных Наций (ООН) Антониу Гутерреш - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз таътили мактабҳо дар саросари ҷаҳон ба далели шуюи вируси корона ибрози нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ахиран таъкид кардааст, ки бозгашти бехатар ва амни донишомӯзон ба мактабҳо бояд авлавияти аслии кишварҳо бошад, иттилоъ додааст сомонаи хабаргузории “Парстудей”.

"Аз авосити моҳи июл ба баъд мактабҳо дар ҳудуди 160 кишвар баста шудаанд, ки беш аз як миллиард донишомӯзро шомил мешавад ва ин дар ҳоле аст, ки ҳудуди 40 миллион кӯдак, даврони томактабиро аз даст додаанд", - гуфт дабири кулли СММ.

Вай инчунин қайд кардааст, ки ин теъдод ба беш аз 250 миллион кӯдаке, ки пеш аз ин бемории ҳамагирӣ ба мактаб намерафтанд афзуда шуд ва танҳо танҳо чоряки донишҷӯёни мактабҳои миёнаи кишварҳои рӯ ба тараққӣ малакаҳои асосӣ доранд.

Врачи работают с пациентами Covid-19 в отделении интенсивной терапии - Sputnik Тоҷикистон
Шубҳаи СММ ба омори COVID - 19 дар Тоҷикистон: фавт дар ноҳияҳо ку?

"Акнун мо бо як фоҷиаи наслӣ рӯбарӯ ҳастем, ки метавонад зарфиятҳои бешумори башарро ҳадар диҳад, чандин даҳсолаҳои пешрафтро заиф кунад ва нобаробариҳои шадидро боз ҳам шиддат диҳад”, - зикр кард Гуттереш.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар идома аз баробарии як пуйиши ҷадид ба номи "ояндаи моро наҷот диҳед"хабар дод.

Вай дар идома афзуд, тасмимоте, ки акнун давлатҳо ва муттаҳидони онон мегиранд, таъсири доимӣ бар садҳо миллион нафар аз ҷавонон ва бар чашмандози тавсеаи кишварҳо дар даҳсолаҳои оянда хоҳад гузошт.

Бо ин ҳол Гуттереш тавсиа кард мактабҳо танҳо дар сурате боз шаванд, ки вируси корона таҳти назорат қарор гирад.

Лентаи хабарҳо
0