Пизишкон аз натиҷаи ташхиси гурӯҳи ихтиёриён, ки дар озмоиши ваксина алайҳи коронавирус иштирок доштанд, ризо ҳастанд ва онро хеле босамар арзёбӣ мекунанд.
Бар тибқи натоиҷи ахири ихтиёриён ҳамаи онҳо дорои масуният алайҳи ин маризӣ мебошанд.
Пизишкон мегӯянд аз замони ваксин гирифтан то 42 рӯзи охир дар организми ихтиёриён ягон дигаргунии нигаронкунанда мушоҳида нашуд.
"Ҳамаи онҳо худро хеле бардаму солим ҳис мекунанд", - таъкид менамоянд табибон.
Профессор гуфт кай алайҳи коронавирус ваксина пайдо мешавад
Қобили зикр аст, ки сар аз якуми сентябр истеҳсоли сартосарии ин ваксина ба роҳ монда мешавад ва авоили моҳи октябр дар Русия эмгузаронии ройгон алайҳи коронавирус пиёда мешавад.
Вазорати тандурустии Русия мегӯяд, нахуст пизишкон ва табибон ваксин мегиранд.
Нахустин ваксини сохти Русия имсол барои кӯдакон дастнорас хоҳад буд. Пас аз даври пурраи озмоиши ин дору дар бадани одамони калонсон ба эмкунии кӯдакон ҳам шурӯъ мешавад, аммо на дертар аз соли оянда.