ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода имрӯз дар нишасти матбуотии ниҳодаш аз нобуд шудани Гулмурод Ҳалимов хабар дод.
Ӯ гуфт, кушта шудани низомии фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов ва аҳли оилаашро шоҳидоне, ки бозпурсӣ шудаанд, таъйид карданд.
"Тибқи қонунгузорӣ барои тасдиқи мурдаи ин ё он нафар санад ё мадраке бояд бошад, мо чунин санадро надорем, лекин бино ба гуфти шоҳидон - онҳое, ки аз Сурия баргаштаанду боздошт шудаанд, Гулмурод Ҳалимов ҳамроҳи аҳли оилааш кушта шудааст", - гуфт Рамазон Раҳимзода дар нишасти хабарӣ.
Моҳи феврали соли равон, Раҳимзода изҳор дошта буд ки иттилоъ дар бораи кушта шудани Ҳалимовро аз расонаҳо ва ҳамкорон гирифтаанд, аммо боз санҷишҳои иловагӣ ҳастанд, ки онро анҷом дода истодаанд.
Раҳимзода таъкид намуд, ки то ҷасадро набинад, дақиқан кушта шудани Ҳалимовро тасдиқ карда наметавонад.
“Наметавонам, ба ин суол мушахассан ҳа ё не посух диҳам, то ҷасадро набинам”, - изҳор дошт вазири умури дохилӣ.
Ӯ гуфт, дар маҷмуъ иттилоъ гирифтаанд, ки Ҳалимов дар пайи як амалиёти махсус кушта шудааст. Вазир афзуд, дар мавриди Ҳумайро Мирова, собиқ корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва ҳамсари Ҳалимов, ки баъдан бо ӯ пайваст, феълан иттилое рӯи даст надоранд.
Вазорати мудофиаи Русия моҳи сентябри соли 2017 хабар дода буд, ки дар шаҳри Дайруззори Сурия дар натиҷаи ҳамлаҳои қувваҳои ҳавоии Русия собиқ фармондеҳи ОМОН-и ВУД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов кушта шуд.
Гулмурод Ҳалимов сарҳангу фармондеҳи пешини Нерӯҳои ошӯбнишони ВУД Тоҷикистон буд, ки соли 2015 аз Тоҷикистон фирор карду ба гурӯҳи тундрави ДОИШ пайваст. Пас аз он ки вай дар паёме видеоӣ пайвастанаш ба ДОИШ-ро эълом кард, Интерпол номашро дар феҳристи пайгарди байналмилалӣ сабт кард.