ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки ахиран ба ВМКБ сафари хидматӣ дошта аз вазъ дар сарҳад бо кишвари ҳамсоя Афғонистон огаҳӣ пайдо кардааст.
Ба гуфти Раҳимзода, ҳоло вазъ дар марз ором аст ва кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо марзбонон ва дигар ниҳодҳои қудратии кишвар ба ҳимояи марз машғул ҳастанд.
Дарозии марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон 1 ҳазору 370 километрро ташкил дода, аксари он аз манотиқи куҳӣ убур мекунад, ки назорату нигоҳубини онро мушкил менамояд.
Вазъият дар умум дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳамоно муташанниҷ боқӣ мемонад. Дар кишвар зуд зуд миёни низомиёни давлатӣ ва ҷангҷӯёни гурӯҳи "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҳамлаҳои мусаллаҳона сар мезанад. Дар баробари ин вақтҳои охир дар Афғонистон аъзоёни гурӯҳи террористии ба ном "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) фаъол шудаанд.
Фармондеҳони марзии ИДМ дар Самарқанд вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд
Ёдрас мешавем, ки ахиран президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният ба аъзои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот супориш доданд, ки барои таъмини амнияти давлату миллат дар минтақаи сарҳади давлатии ҳамҷавори Тоҷикистон бо Афғонистон тадбирҳои мушаххас андешанд.