Обу ҳавои имрӯз: тағйирёбанда ва то 42 дараҷа гарм

© Sputnik / Амир ИсаевПрогулка по Душанбе
Прогулка по Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.

Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 10+15 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи  бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Нарезные дольки арбуза - Sputnik Тоҷикистон
Истеъмоли барзиёди тарбуз хатари ҷиддӣ дорад: ғизошинос гуфт ба кадом одамон
Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13  ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва   дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад.

Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 28+33  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр  ва тағйирёбанда мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. 

Ҳаво  дар водиҳо  шабона 16+21 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 28+33 дараҷа  гарм мешавад.

42 дараҷа гармӣ дар вилояти Хатлон: пешгӯии дақиқи обу ҳаво барои имрӯз

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри  бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 17+19 ва  рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0