Сухангӯи Пентагон Ҷонатан Ҳофман рӯзи 7-уми ноябр бо ишора ба нирӯҳои демократии Сурия зери роҳбарии курдҳо ба рӯзноманигорон гуфт, “даромади нафт ба Амрико намерасад, ба Нирӯҳои Демократии Сурия мерасад”.
Ҳофман афзуд: мақсад ин аст, ки ба Нирӯҳои Демократии Сурия ба роҳбарии курдҳо иҷозат дода шавад, барои пурзӯр кардани қудраташон дар маъракаи ба зидди “Давлати исломӣ” тавоноӣ дошта бошанд.
Дар ҳамин ҳол, вазири тиҷорати дохилии Сурия Отиф Наддоф эълом кард, Иёлоти Муттаҳида аз тариқи Туркия, нафти истихроҷшуда дар Сурияро ба кишварҳои дигар мефурушад.
Отиф Наддоф афзуд, душмани мо Иёлоти Муттаҳида аст ва онҳо нафти моро ба Туркия ва аз тариқи Туркия ба дигар кишварҳо мефурушанд.
Ин мақоми сурӣ гуфт, дар бисёре аз минтақаҳои нафтхези Сурия зерсохтҳо комилан аз байн рафта, роҳи оҳан тахриб шуда ва тамоми нерӯгоҳҳо нобуд шуда ва Сурия маҷбур аст нафтро ворид кунад.
Пеш аз ин Сергей Шойгу- вазири дифои Русия гуфта буд, ки Амрико ошкоро ва бо вақоҳат конҳои нафтӣ дар Сурияро ғорат мекунад ва дар айни ҳол таҳримҳо арзаи нафт ба ин кишварро мамнӯъ кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп, раисиҷумҳурии Амрико, ки пеш аз ин аз қасди худ барои ақибнишинии нерӯҳои амрикоӣ аз шарқи Сурия хабар дода буд гуфт, ки бархе аз сарбозони амрикоӣ ҳамчунон аз нафти Сурия муҳофизат мекунанд.
Ҳамчунин вай гуфта буд, ки сарбозони амрикоӣ қасд надоранд ба Русия ё артиши Сурия иҷозаи вуруд ба минтақаҳои нафтхезро бидиҳанд.