ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дафтари Шӯрои амният милли Афғонистон хиран дар баёниае эълом кард, бо озодии 317 нафар аз зиндониёни гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия) дар се рӯзи таътилоти иди Қурбон теъдоди афроди озодшудаи ин гурӯҳ аз зиндон ба 4 ҳазору 917 нафар расид, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Дар баёнияи дафтари Шӯрои амнияти миллии Афғонистон омадааст , раванди озодии зиндониёни Толибон то такмил шудани 5 ҳазору 100 зиндонӣ идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсиии Толибон дар Қатар ҳам гуфт, ин гурӯҳ раванди озодии як ҳазор нафар аз зиндониёни давлати Афғонистонро такмил карда ва Кобул низ бояд боқимондаи зиндониёни Толибонро озод кунад.
Гуфта шудааст, ки озодии ин зиндонён яке аз пешшартҳои муҳимм барои аз саргирии музокироти байни давлати Афғонистон ва Толиибон барои поёни ҷанг ва даргирӣ дар ин кишвар аст.
Ин дарҳолест, ки гурӯҳи Толибон ҳамчунон ба ҳамалоти худ ба манотиқи мухталифи Афғонистон идома медиҳад.