Дақиқ шуд, ки сӯхторҳо ба вилояти Хатлон чӣ қадар зарар расонидааанд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкСотрудник пожарной охраны, архивное фото
Сотрудник пожарной охраны, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини роҳбари Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон, гуфт дар вилоят дар шаш моҳ 140 сӯхтор рух додааст ва зиёни он зиёда аз 5 миллион сомониро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Бино бар иттилои Саидмукаррам Раҳматзода, муовини роҳбари Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 140 ҳодисаи сӯхтор ба амал омадааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта чор ҳодиса зиёд аст, иттилоъ додааст сомоонаи рӯзномаи “Фараж”.

Последствие пожара в ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи раис ва барқчии бозори марказии Шаҳритус баъди сӯхтор

“Зиёни 140 сӯхтор зиёда аз 5 миллиону 288 ҳазор сомониро  ташкил медиҳад, ки зиёда аз 4 миллионаш зарари сӯхтори бозори ноҳияи Шаҳритуз аст.

Саидмукаррам Раҳматзода афзуд, сӯхтори бозори Шаҳритуз аз яхдон шурӯъ шудааст ва нисбати барқчӣ Давлатов ва раиси бозор Каримов Насим парвандаи ҷиноятӣ бо модаи 192 ҚҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.

Вай афзуд, ки дар сӯхтори бозори Шаҳритуз қариб пурра дӯкону мағозаҳои соҳибкорон ва молу мулкашон ба коми оташ рафт.

Инчунин вай зикр кард, ки бар асари 140 сӯхтори рухдода дар Хатлон  ду нафар аз ноҳияи Кӯшониён вафот кардаанд, ки як нафари онҳо духтарчаи ноболиғ аст.

Саидмукаррам Раҳматзода илова кард, ки маблағҳои эмин ва наҷот додани молу мулки давлатию ҷамъиятӣ аз сӯхторҳои рухдода 55 миллиону 658 ҳазору 950 сомониро ташкил медиҳанд.

Омилҳои сар задани сӯхтор дар аксар ҳолат норасоии ноқилҳои барқӣ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодабарии асбобҳои барқию газӣ  ва беаҳмтятии шаҳрвандон мебошад.

Лентаи хабарҳо
0