Афғонистон аз кушта шудани як раҳбари дигари ДОИШ хабар дод

© AFP 2023 / NOORULLAH SHIRZADAБоевики ИГ (террористическая организация, запрещена в РФ) и движения Талибан в полицейском отделении в Афганистане
Боевики ИГ (террористическая организация, запрещена в РФ) и движения Талибан в полицейском отделении в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти иктишофии Афғонистон хабар доданд, ки рӯзи 1-уми август як раҳбари гуруҳи ДОИШ-ро дар ин кишвар куштанд

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Ба гуфтаи мақомот, Асадуллоҳ Оракзай, нафаре, ки дар куштори даҳҳо низомӣ ва ғайринизомӣ даст дошт, дар наздикии шаҳри Ҷалолобод кушта шуд.

Военнослужащие афганской национальной армии в провинции Кундуз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ДОИШ дар кишвари ҳамсоя боз аз худ хабар дод: ҳамла ба телевизиони Хуршеди Афғонистон

Кушта шудани як раҳбари ДОИШ дар ҳолест, ки миёни гуруҳи Толибон ва давлати Афғонистон барои таҷлили Иди Қурбон оташбаси се рӯза эълон шуда буд.

Дар Афғонистон солҳо боз миёни давлат ва гуруҳи Толибон, ки онро мухолифон низ меноманд, ҷанг идома дорад. Гуруҳи ДОИШ ҳам бо Толибон ва ҳам бо неруҳои давлати Афғонистон мушкил дорад.

Зас аз фаъолияти ДОИШ ва гурӯҳҳои террористӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон гуфт

Пештар, Созмони милали муттаҳид аз фаъол шудани гуруҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистон гузориш дода буд.

Ин гурӯҳ соли 2014 дар ҳудуди Ироқ ва Сурия қаламраверо зери назар даровард ва “Хилофат” эълон кард.

Пас аз шикаст дар Сурия ва Ироқ ин гуруҳ бештар дар Афғонистон фаъол шудааст.

Лентаи хабарҳо
0