Театре, ки дар он Гурминҷ Завқибеков фаъолият кард - 84 сола шуд

© SputnikСпектакль "Даври Орифин" в честь 80-летия Ага-Хана IV
Спектакль Даври Орифин в честь 80-летия Ага-Хана IV - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Хоруғ яке аз иншооти ҷашнӣ ба шумор рафта бинои нави онро президент Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари хеш ба ВМКБ ифтитоҳ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. 84 сол пеш, рӯзи 1 август, дар шаҳри Хоруғ — маркази маъмурии ВМКБ театри вилоятии мусиқӣ-драмавӣ бо ба намоиш гузоштани спектакли "Дохунда" аз рӯи асари устод  Садриддин Айнӣ ифтитоҳ ёфт..

Дар солҳои гуногун дар ин театр ҳунармандони маъруфи мамлакат, аз ҷумла Ҳунарпешаи халқии СССР Ғуломҳайдар Ғуломалиев,  Ҳунарпешаҳои  халқии Тоҷикистон Савсан Бандишоева, Бахтулҷамол Карамхудоев, Гурминҷ Завқибеков, Майсара Дилдорова, Улфатмо Мамаданбарова, Киматшо Иматшоев, Сафарбегим Тошхуджаева ва дигарон  фаъолият намудаанд.

Заррагул Искандарова-ҳунарпешаи марлдумии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Заррагул Искандарова бо пои баста дар саҳна

Пас аз соли 1992 театри мазкур номи расмии Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров касб намуд. Соли 2012, театр пас аз панҷ соли навсозӣ дари худро барои тамошобин боз кард, менависад АМИТ "Ховар".

Ин театр мунтазам дар фестивал-озмуни театрҳои касбии Тоҷикистон “Парасту” ва Фестивали байналмилалии театрҳои Осиёи Марказӣ дар Алмаато ва Қазоқистон иштирок намуда, борҳо ба мукофотҳои ин фестивалҳо сарфароз гардидааст.

“Даври Орифин”: баромади ҳунармандони театри Хоруғ дар Маскав

Соли 2012 спектакли «Ишқи парӣ», ки ба қалами нависанда ва драматург Тоҳири Маҳмадризо тааллуқ дорад (коргардон Умед Хусравов) дар номинатсияи «Беҳтарин ороиши мусиқӣ барои намоишнома» дар  ин фестивал-озмун  сазовори ҷоиза гардид.

Дар омади гап, моҳи марти соли равон Умед Хусравов  спектакли  нави «Бародар» (“Врод”)-ро аз рӯи пьесаи нависанда ва драматург, шореҳи адабии АМИТ «Ховар» Мансур Суруш ба намоиш гузошта буд.

Ба наздикӣ бинои нави театр мавриди истифода қарор дода мешавад.

Соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар қатори дигар иншооти ҷашнӣ, дар маросими ифтитоҳи бинои таъмиршудаи театри вилоятӣ ширкат варзид. Бо ин мақсад зиёда аз 4,5 миллион сомонӣ маблағҳои давлатӣ сарф шудааст.

Аммо, тавре зимни мулоқоти сарвари давлат бо ҳайати эҷодии театр ва ходимони фарҳангии вилоят маълум гардид, ин бино, ки дар миёнаи солҳои 60-уми асри гузашта сохта шудааст, барои Хонаи фарҳанг пешбинӣ шуда буд ва ба талаботи фаъолияти театрӣ ҷавобгӯ нест.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Баррасии пешвозу гусели Раҳмон дар ВМКБ: Ёдгор Файзов фаҳмонд, ки чӣ бояд кард

Раисиҷумҳур ба сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ дастур дод, ки ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавиро ҷиҳати сохтмони бинои нави  театри вилоятӣ омода намоянд ва дар назди мақомоти маҳаллӣ вазифа гузошт, ки барои сохтмон  қитъаи замин ҷудо намоянд.

Ҳамин тавр, моҳи июли соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари навбатии худ ба ВМКБ ба сохтмони бинои нави театр дар Хоруғ оғоз бахшид.

Бинои нави театр, ки фармоишгари он Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент аст, барои 500 ҷой пешбинӣ шудааст. Сохтмони иншоотро ширкати “Бунёд” анҷом медиҳад.

Ёдрас мешавем, ки феълан мақомоти ВМКБ ба сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин минтақа омодагӣ мебинад.

Гуфта мешавад, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ то ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар назар аст, аммо феълан санаи дақиқи он ироа нашудааст. Ин сафар аз нахустин боздидҳои Эмомалӣ Раҳмон аз ВМКБ дар аҳди роҳбарии Ёдгор Файзов дар вилоят хоҳад буд.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буд, ки  ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти давлатӣ,  илова ба 378 иншооте, ки тибқи қарори Ҳукумат тасдиқ гардидаанд, қариб 18 900 иншооти нав бунёд мегардад.

“Аз ин шумора ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 400, вилоятҳои Суғд 6000, Хатлон 5000, шаҳри Душанбе 3530 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 3422 иншоот рост меояд. Яъне бунёди чунин шумораи бузурги иншооту биноҳои нав, ки боиси хеле ободу зебо шудани кишвари азизамон ва ҳалли бисёр масъалаву мушкилоти иҷтимоӣ мегарданд, майдони озмоиши нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди милливу ватандӯстӣ ва кӯшишу ғайрати соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони олиҳиммат мебошад”, - изҳор дошта буд раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо соҳибкорон.

Лентаи хабарҳо
0