ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Зарфи ду рӯз танҳо дар ноҳияи Синои пойтахти кишвар аз баста шудани се дар хабар дода шуд, ки дар мавриде аз он тифли дусола паси дар танҳо монда буд.
Бино бар гузориши КҲФ, бо дарёфти хабар кормандони наҷот фавран ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ба соҳибхона барои боз кардани дар ёрӣ расониданд.
"Ҳаин гуна бегоҳии рӯзи 31-уми июл аз сокини кӯчаи Нахимов хабар расид ва имдодгарон фаврӣ ба макони ҳодиса расида, дари ӯро низ боз карданд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин ҳамин бегоҳӣ имдодгарон бо даъвати сокини кӯчаи Маяковский дар хонаи ӯро ҳам боз карданд. Номбурда берун рафтаву калидро дар хона фаромӯш карда буд.
Кормандони Раёсати Душанберо бештар паси дари баста мондани кӯдаки дусола, ки волидонаш дар берун монда буданд, ба изтироб оварда буд.
"Хабар соати 19:21 дақиқа расид ва имдодгарон фавран ба маҳаллӣ ҳодиса худро расонданд ва соати 19:55 дақиқа бо истифода аз таҷҳизоти махсус дари хонаи шаҳрвандро боз карданд ва Амалияи дусоларо солим ба волидонаш расонданд", - омадааст дар хабарнома.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ин росто, аз кулли сокинони кишвар ва меҳмонон даъват карда, ки ҳангоми аз манзили истиқомати берун шудан, хеле бадиққат бошанд, чун дар хона мондани тифлакони маъсум метавонад сабаби ҳодисаҳои нохуш шавад.