Мирзиёев: барои коҳиши иқтисоди соя бояд барои мардум шароити фаъолияти расмӣ эҷод кард

Обуна шудан
Раисҷумҳури Ӯзбекистон дар нишасти видеоӣ бар коҳиши иқтисоди соя ва ҷилавгирӣ аз фасод дар ин кишвар таъкид кард

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон бо ишора ба ин ки сатҳи иқтисоди соя дар ин кишвар боло аст, гуфт дар солҳои ахир иқдомоте бар асоси коҳиши саҳми иқтисоди соя аз тариқи тасҳили тиҷорат монанди эҷоди бозори арзи озод, иҷрои системи ҷадиди андози иҷроӣ, коҳиши ҳудуди 100 дарсадии ташрифот барои дарёфти иҷозатнома анҷом гирифтааст, иттилоъ додааст сомонаи хабаргузории Форс.

Алишер Усманов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
10 миллион доллар кумаки Алишер Усмонов ба пизишкони Ёрии таъҷилии Ӯзбекистон

Мирзиёев таъқид кардааст, ки дар натиҷаи ин саҳми бахши ғайрирасмӣ  дар саноат тайи 5 соли ахир аз 20 дарсад ба 6 дарсад коҳиш ёфтааст.

Раисҷумҳури Ӯзбекистон афзуд, дар созмонҳои давлатӣ низ системи контроли куллӣ бар зидди иқтисоди соя ва фасод иҷроӣ мешавад, ин иқдом дар вазоратхонаҳои сохтмон, беҳдошт, таҳсилоти олӣ ва умумии тахассусӣ, ширкатҳои саҳомии “Узнафтгаз” ва “Узкимиёсаноат” оғоз шудааст.

Мирзиёев қайд кард, ки барои коҳиши иқтисоди соя бояд барои мардум шароити фаъолияти расмӣ эҷод кард. Ба таври мисол, дар натиҷаи тасҳили системи худиштиғолӣ фақат дар моҳи июл 184 ҳазор нафар дар бахш расмӣ оғоз ба кор кардаанд.

“Аммо сатҳи иштиғоли ғайрирасмӣ дар заминаҳои сохтмонӣ ва тағзияи умумӣ, ҳамлу нақлӣ ва дигар хадамот ҳануз ҳамчунон боло аст. Дар маҷмуъ аз 10 миллиону 500 ҳазор нафар фақат 4 миллиону 900 нафар шоғил дар заминаи хадамотии андоз бар даромадро пардохт мекунанд”, - идома дод раисҷумҳури Ӯзбекистон.

Лентаи хабарҳо
0