Ҷавоне, ки тағо ва ҷияни маъюбашро ба талбандагӣ водор мекард, боздошту ҳабс шуд - акс

© Sputnik / Стас ЭтвешАрест, архивное фото
Арест, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе аз боздошти як ҷавон, ки зодаи Файзобод аст, хабар медиҳад. Номбурда аз ҳисобии талбандагии тағо ва ҷияни маъюбаш рӯз мебурд

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Мақомоти милитсияи пойтахт дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷавонеро боздошт намуданд, ки аз маъюбии пайвандаш истифода бурда. ӯро ба талбандагӣ водор мекард.

© акс аз сафҳаи РВУД дар шаҳри ДушанбеБоздошти зодаи Файзобод, барои ба талбандагӣ водор намудани ҷиян ва тағои маъюбаш
Ҷавоне, ки тағо ва ҷияни маъюбашро ба талбандагӣ водор мекард, боздошту ҳабс шуд - акс - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти зодаи Файзобод, барои ба талбандагӣ водор намудани ҷиян ва тағои маъюбаш

РВУД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки Исмоилов Умаралӣ зодаи ноҳияи Файзобод, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе тағои худ Толибов Боймаҳмад, ки маюб аст, дар аробачаи махсуси маъюбӣ шинонда, дар кӯчаҳои шаҳр ба талбандагӣ машғул намудааст.

Боздошти ронандае, ки зани 62 - соларо пас аз пахш кардан ба бемористон бурду гурехт - акс

Зимнан, пас аз боздошт шудани ин ҷавон дар идораи пулис иқрор шуд, ки қаблан низ ба ин амали худ машғул будааст.

"Ӯ ҷияни 11 - солаи худ, ки низ маъюб аст, аз ноҳияи Файзобод оварда, дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе пайваста ба талбандагӣ водор мекардааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Исмоилов Умаралӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Бо қарори суд, нисбати Умаралӣ  ҷазои дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз таъин карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0