ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Иди Қурбон дар Тоҷикистон бидуни ягон мовориди фавт аз коронавирус гузашт. Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад, ки шабонарӯзи охир 93 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 42 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Инчунин, дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 43 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 7409 нафар баробар гардид.
67 – сола: даргузашти Мирзобек Каримов, собиқ сардори БДА – и Душанбе ва Суғд
Манбаъ меафзояд, то санаи 31 июл дар мамлакат 6193 (83,5%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 60 нафар фавтидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.