Гусев мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонӣ оид ба дастрасии бензинро шарҳ дод

© Дмитрий Гусев / FacebookДмитрий Гусев
Дмитрий Гусев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дмитрий Гусев, ноиби президенти Иттиҳоди сӯзишвории мустақил қобилияти воқеии харидории тоҷикон дар робита ба бадастории бензинро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik.  Маркази таҳлилии Picodi  тағйироти арзиши бензинро дар беш аз 100 кишвар пайгирӣ карда, ҳисоб кардааст, ки чӣ қадар сӯзишворӣ бо маоши миёнаи ҳар як давлат харидан мумкин аст.

Цистерны для нефтепродуктов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Худӣ”: дар Тоҷикистон истеҳсоли нафт афзоиш ёфтааст

Тоҷикистон дар раддабандии мазкур дар зинаи охир ҷой гирифтааст. Ҳамин тариқ, дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ нархи аз ҳама пасттарин ба як литр бензин дар Қазоқистон - 0,42 доллар ва баландтарин дар Тоҷикистон - 0,77 доллар ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфтаи ноиби президенти Иттиҳоди сӯзишвории мустақил Дмитрий Гусев, ин рейтинг, дар асл, ба бензин ҳеҷ рабте надорад.

"Ин рейтинги қобилияти харидории кишвар мебошад, ки аз омилҳои гуногун вобаста аст. Дар баъзе давлатҳо аз музди миёнаи меҳнат вобаста аст. Дуюм, қисмати андоз аз бензин дар ин ҷо инъикос нашудааст", - гуфт Гусев ба Sputnik Тоҷикистон.

Коршинос шарҳ дод, ки дар ҳар як давлат нархи бензин гуногун аст ва андозҳо аз он ҳам фарқ мекунанд.

"Албатта, маош баланд бошад, аз ин рӯ, нархи бензин низ баланд хоҳад буд", - гуфт Гусев.

Ҳамзамон, сарфи назар аз сатҳи пасти зиндагӣ дар Тоҷикистон, имрӯз аксари муҳоҷирон ба кор, аз ҷумла ба Русия меравад, зиёдтар пул ба даст меоваранд ва ин маънои онро дорад, ки қобилияти харидории тоҷикон дар робита ба хариди бензин хеле баланд аст.

Лентаи хабарҳо
0