Фарзонаи Хуршед аз пайғамбар Иброҳим гуфту тоҷикистониёнро бо Иди Қурбон табрик кард - акс

© Sputnik / Амир ИсаевНеделя моды в Душанбе. архивное фото
Неделя моды в Душанбе. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иди саиди Қурбонро Овозхони саршиноси Тоҷикистон Фарзонаи Хуршед ба кулли мусалмонони дунё муборак гуфт

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Фарзонаи Хуршед овозхони ҷавон ва маҳбуби Тоҷикистон дар сафҳаи худ дар Инстаграм, тоҷикистониён ва кулли мусалмонони дунёро бо фарорасии Иди саиди Қурбон муборак гуфт.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Бо арзи салом ва дуруди бепоён Шуморо ва ахли байти шуморо бо фарорасии иди Қурбон, иди Муқаддаси мусалмонон, ки иди садоқат, покию равшани, сулҳу неки, айёми Хаҷҷи Акбар ва рамзи муҳаббати беинтиҳо бар Худованд мебошад ва намунаи олии онро Пайёмбар Иброҳими Халилуллоҳ нишон додааст аз самими қалб табрику муборакбод мегуям! Худованд тамоми роҳоятонро ҳамвор созад.Чатри муҳаббаташро ҳамаҷо болои саратон қарор диҳад ва борони раҳматашро дар саҳрои қалбатон боронад. Хуршеди меҳрубониаш гармбахши рузҳои сардатон бошад, қадамҳоятонро дар роҳи худ устувор гардонад ва қалбатонро оромиш бахшад, рузгоратонро аз хуши пур кунад, ғам ва нигарониро аз қалбатон берун кунад, саломатии ҷисму руҳро ато фармояд. Чароғи хонадонатон ҳамеша равшан ва суфраатон ҳамеша рангин бошад ва саодатмандии ҳарду оламро насибатон гардонад! ИДИ КУРБОН БА ШУМО ВА ХОНАВОДААТОН МУБОРАК БОШАД.

Публикация от Фарзонаи Хуршед (@farzonakhurshed)

Фарзона дар паёми шодбошии худ изҳор доштааст, ки фарорасии иди Қурбон, иди Муқаддаси мусалмонон, ки иди садоқат, покию равшанӣ, сулҳу некӣ, айёми Хаҷҷи Акбар ва рамзи муҳаббати беинтиҳо бар Худованд мебошад ва намунаи олии онро Пайёмбар Иброҳими Халилуллоҳ нишон додааст аз самими қалб табрику муборакбод мегуям!

Қоидаҳои иди Қурбон дар соли 2020 : муроҷиати Шӯрои уламо ба мардуми Тоҷикистон

Зимнан, овозхони тоҷик ба мусалмонон таманно намудааст, ки Худованд тамоми роҳашонро ҳамвор созад ва борони раҳматашро дар саҳрои қалби бандагонаш боронад.

"Хуршеди меҳрубониаш гармбахши рузҳои сардатон бошад, қадамҳоятонро дар роҳи худ устувор гардонад ва қалбатонро оромиш бахшад, рузгоратонро аз хуши пур кунад, ғам ва нигарониро аз қалбатон берун кунад, саломатии ҷисму руҳро ато фармояд. Чароғи хонадонатон ҳамеша равшан ва суфраатон ҳамеша рангин бошад ва саодатмандии ҳарду оламро насибатон гардонад", - таманно намудааст Фарзонаи Хуршед.

Ёдовар мешавем, Тоҷикистон имрӯз аз фарорасии Иди Қурбон ҷашн мегирад, аммо таҷлили ин иди шариф барои мусалмонон дар замони пандемия ба мисли солҳои қаблӣ сурат нагирифт.

Дар Тоҷикистон аз шаҳрвандон дархост шуд, ки бидуни оростани дастархони пурноз ва қабули меҳмонон ин идро пешвоз гиранд ва ҳамчунин аз идгардакии кӯдакон низ боздошта шавад.

Лентаи хабарҳо
0