Аз НБО "Роғун" то "Талко": Кумитаи андоз бузургтарин қарздоронашро ном бурд

© © Sputnik / Амир ИсаевГлава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото
Глава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи андози Тоҷикистон аз афзоиши бақияи андоз ба беш аз 35% фақат дар нимсолаи аввали соли равон хабар дод

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумита зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон гуфт, бақияи қарзи андозҳо агар ба 1 январи соли равон 580 миллиону 384,9 ҳазор сомониро ташкил медод, ба ҳолати 1 июл 417 миллиону 360, 4 ҳазор сомонӣ афзуда, ба марзи як миллиард ё 997 миллиону 745,3 наздик шуд.

“Албатта, ин қабл аз ҳама бастагӣ дорад ба вазъияте, ки ба амал омадааст ва вазъи молиявии корхонаҳо, ки натавонистанд дуруст фаъолият кунанд. Бахусус, корхонаҳои калони саноатӣ, соҳаи хизматрасонӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва он ширкатҳое, ки ба онҳо хизматрасонӣ мекунанд, марокизи калони тиҷоратӣ, бозорҳо ва дигар корхонаҳо аз ин буҳрони дар пайи пандемия пешомада хисороти зиёд дида, натавонистанд ба таври лозим уҳдадориҳои худро пеши андоз адо кунанд”, - гуфт Нусратулло Давлатзода.

Бино ба иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон, қисмати умдаи ин қарз бар дӯши ширкату корхонаи ғайридавлатӣ ва соҳибкору ашхоси ҳуқуқӣ аст ва қарзи ширкату корхонаҳои давлатӣ ҳамагӣ 438 миллиону 142,8 ҳазор (соли 2019 - 289 389,7) буда, ҳиссаи онҳо дар бақияи умумии қарзи андозҳои ҷумҳурӣ – 43,9 (49,9)% - ро ташкил мекунад, ки дар қиёс бо соли гузашта 5,9% кам аст.

ширкати Фароз. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи андоз: “Фароз” дигар вуҷуд надорад

Аммо оморе, ки Кумитаи андози Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошт, нишон медиҳад, ки ширкату корхонаҳои давлатӣ ҳамоно бузургтарин қарздорони андозанд.

Дар ин рақамҳо дида мешавад, ки чӣ гуна қарзи ширкату корхонаҳо дар қиёс бо соли 2019 афзоиш ёфтааст. Бузургтарин қарздорони андоз тайи ним соли ахир қарзҳои худро ҳисобӣ карда, то ҷое муваффақ шудаанд, онро коҳиш диҳанд ва ё натавонистаанд аз афзоиши он ҷилавгирӣ кунанд.

Тибқи иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон, қарзи андози корхонаҳои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” – 120 565,4 (соли 2019 - 89 115,7), корхонаҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон – 53 809,2 (48 801,1), “Тоҷиктелеком” – 64 269,8 (55 011,3), Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда – 1” - 71 813, 1 (6 058,6), ММЭР ХАНХҶТ – 21 872,6 (16 466,6), “Талко” – 24 612,8 (12 525,8), Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинги Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 21 872,6 (16 466,6) миллион сомонӣ мерасад.

Нусратулло Давлатзода гуфт, сабаби кам ҷамъовари шудани андоз дар чист

Ҳамзамон қарзи корхонаҳои тобеъи “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” – 21 049,2 (25 452,8), “Алюминсохтмон КВД ШАТ” – 19 049,8 (17 803,1), “Барқи тоҷик” 11 550, 7 (0,0 – 2019), “Фулузоти нодири Тоҷикистон” – 8 766,1 (1 132,9), “Коргоҳи мошинсозӣ” – 8 300,1 (7 343,8), “Ангишт” – 8 105,7 (7 696,5), “Кони ангишти Зиддӣ” – 2 283,7 (493,6), “Трансформатор” - 1 484,9 (1 487,9) миллион ва “Шахтаи Фон Яғноб” – 609,7 (0,0) ҳазор сомониро ташкил мекунад.

Лентаи хабарҳо
0