Соҳибхоназанро бо амиаку розчин беҳуш карданд: боздошти се ғоратгар дар Ховалинг

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкПодозреваемые в наручниках, архивное фото
Подозреваемые в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Се ҷавонмард, ки ҳамагӣ сокинони ноҳияи Панҷ буданд, дар деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ боздошт шуданд

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти се сокини ноҳияи Панҷ хабар медиҳад, ки дар Ховалинг ба ғоратгарӣ даст задаанд.

Берцы - Sputnik Тоҷикистон
Авбошии сарбоз дар 10 рӯзи рухсатӣ ба 6 соли маҳрумият аз озодӣ анҷомид: ғорат карду кӯфт

Ба иттилои котиботи ВУД Тоҷикистон, ҳар се сокини Панҷро дар асоси шикояти марди 37 - сола, сокини деҳаи Шугнов боздошт карданд.

Оташ мезананду ғорат мекунанд: мавҷи эътирозҳо дар Амрико - видео

Бар тибқи аризаи шикоятии номбурда, санаи 27-уми июли соли 2020, тахминан соатҳои 03 ба 04:00 шахсони номаълум бо роҳи ошкоро ба хонаи истиқоматиаш даромада, нисбати ҳамсараш, зани 36-солаи ӯ зуроварӣ нишон доданд.

"Барои беҳуш намудани соҳибхоназан, маводи мадҳушкунанда (амиаку розчин), ки бо худ доштаанд истифода бурда, ҳангоми доду фиғон бардоштани ҳамсараш, шахсони номаълум 1-адад телефонӣ мобилии тамғаи "Самсунг А-з"-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, кормандони милитсия мардони 27, 28 ва 26-солаи сокинони ноҳияи Панҷ, ки якеашон пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.

Гуфта мешавад, далели шайъӣ 1-адад маводи мадҳушкунанда (амиаку розчин) гирифта шуда, феълан тафтишот дар ин самт идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0