ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе, ҷавони 30 - соларо боздошт намуд, ки дар маҳаллаи 91 - уми ноҳияи Сино нисбати ҷавонзани роҳгузар рафтори бадахлоқона намудааст.
Муноқишаи ду ҷавони маст назди тарабхонаи "Клеопатра": пулис онҳоро дастгир ва ҷарима кард
Гуфта мешавад, кормандони пулис худи ҳамон рӯз соҳиби худравро боздошт ва ба идораи пулис оварданд. Аммо муайян гардид, ки ҷавони бадрафтор на соҳиби мошин, балки рафиқ ва мусофири ӯ шаҳрванд Оев Қосими 30 - сола, сокини ноҳияи Шохмансур мебошад.
Дар натиҷа, санаи 28 июл баъди ба мақомоти милитсия дастрас намудан, шаҳрванд Оев Қосим иброз дошт, ки дар ҳақиқат санаи мазкур ҳангоми дар суроғаи маҳалли 91-уми шаҳри ноҳияи Сино қарор доштанаш нисбати ҷавонзани муроҷиаткунанда дағалрафторӣ намудааст.
Парванда алайҳи Қаҳҳоров барои таҷлили зодрӯзаш бо кӯдакон дар майдончаи варзишӣ:видео
Ҳамин тариқ, нисбати Оев барои кирдорҳои майдаавбошона бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳуқми суд ӯ ба пардохт намудани 460 сомонӣ муваззаф карда шуд.