Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Омори тозаи гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

© Sputnik / Евгений Самарин / Гузариш ба медиабонкПробирки для сбора биоматериала в центре крови, архивное фото
Пробирки для сбора биоматериала в центре крови, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар шабонарӯзи охир 37 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд

ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik.  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар шабонарӯзи охир 90  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 37 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7276 нафар баробар гардид.

"Ҳамзамон, то санаи  28  июл  дар мамлакат  6065 (83,3%)  нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 60  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорат мегӯяд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Ин ниҳод даъват карда, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Лентаи хабарҳо
0