ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Дар Мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе озмуни довталабон барои дарёфти аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра дар соли таҳсили 2019 - 2020 баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд бо такя ба Раёсати маориф хабар медиҳад, дар озмуни аз муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, ноҳияҳои Ашт, Ҷаббор Расулов ва Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон 21 нафар барои дарёфти медалҳои тилло ва нуқра ҳуҷҷат пешниҳод намуданд.
"Аз ин теъдод 12 нафар ба дарёфти медали тилло, 3 нафар ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардиданд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин, 6 нафари дигар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.