ВКХ шумораи шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки мехоҳанд ба ватан баргарданд, гуфт

© REUTERS \ Peter CziborraПассажир предъявляет свой паспорт сотруднику в аэропорту Гатвик, Великобритания
Пассажир предъявляет свой паспорт сотруднику в аэропорту Гатвик, Великобритания - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зиёда аз 42 ҳазор нафар тоҷикони дар хориҷи кишвар қарордошта мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд ва интизори барқароршавии парвозҳо ҳастанд

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки ҳазорон ҳамватанони бурунмарзӣ барои бозгашт ба ҷумҳурӣ дархост кардаанд.

Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон
Хушхабари Муҳриддин: ҳамарӯза 2 парвоз самти Тоҷикистону Русия сурат мегирад

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, тақрибан 42,600 нафар дар хориҷи кишвар мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд ва интизори кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ миёни ин кишварҳо ҳастанд. Аз ин шумора 41 ҳазор шаҳрванд дар Русия мебошанд.

Вазир гуфт, 31 ҳазор ариза тавассути почтаи электронӣ ворид шудааст, боқимонда аризаҳои хаттӣ аз шаҳрвандон ба сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷа ворид шудаанд.

Ғайр аз он, ба гуфтаи вазорат, сар аз моҳи апрели соли равон 16,400 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 8000 нафар аз Русия ихроҷ карда шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, аз  ин теъдод  зиёда аз 10,5 ҳазор нафар тавассути алоқаи ҳавоӣ ва қариб 6 ҳазор шаҳрванд тавассути нақлиёти заминӣ ба ҷумҳурӣ фиристода шуданд.

Пассажирский самолет вылетает из аэропорта города Красноярска - Sputnik Тоҷикистон
Гуфтугӯи Душанбею Маскав барои роҳандозии парвозҳо: Агентӣ гуфт, санаи дақиқро намедонад

Муҳриддин афзуд, ки аз моҳи апрели соли ҷорӣ, 680 нафав аз  ин теъдод аз боздоштгоҳҳои муваққатии Русия ихроҷ карда шудаанд.

"Ҳамин тавр, рӯзҳои 28 ва 29  боз 200 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки барои вайрон кардани қонунҳои Русия депортатсия ва ҳабс карда шудаанд, интиқол хоҳем дод", илова кард вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон эълом кард, ки ҷумҳурӣ омода аст парвозҳои мунтазамро бо Русия барқарор кунад.

Мишустин: Русия равобити ҳавоиро боз мекунад, аммо на бо ҳамаи кишварҳо - навор

Икром Субҳонзода, роҳбари Агентӣ гуфт, ки то ҳанӯз маълумоти дақиқ дар бораи барқарор шудани парвозҳои мунтазам ба Русия мавҷуд нест, аммо ҳамзамон гуфтушунидҳо миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0