ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон даври шашуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум ба анҷом расид, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар бозии марказии даври шашум дастаи “Равшан” -и Кӯлоб, ки пешсафи мавсим буд, аз “Панҷшер” бо ҳисоби 1: 4 мағлуб гашт. Ин аввалин бохти калони дастаи Кӯлоб дар ин мавсим аст.
Чор голи ҷониби “Панҷшер”-ро Рустам Назаров, Маҳмуд Ғаюров, Насимҷон Мамадқулов ва Маҳмуд Ғаюров ба ҳадаф расониданд.
Ягона голи ҷониби “Равшан”-ро Далер Шомуродов аз тариқи зарбаи ёздаҳметра вориди дарвозаи ҳарифаш сохт.
Гуфта мешавад, беҳтарин футболбози бозӣ Бахтиёр Ниматов аз тими “Панҷшер” эълон шудааст.
Дар дигар бозиҳои даври 6-уми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи аввал, “Ваҳдат” бо “Саройкамар” бо ҳисоби 1: 1 ва “Шохмансур” – “Мохир” бо ҳисоби 0: 0 ба анҷом расид.
Футбол: бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуд
Дар ҳамин ҳол, "Исфара" "Баркчи" -ро бо ҳисоби 3: 2 мағлуб кард, "Эсхат" аз "Ҳосилот" бо ҳисоби 2: 3 мағлуб шуд ва “Равшан”-и Зафаробод дастаи “Ҳулбук”-ро 1: 0 шикаст дод.
Даври ҳафтуми мусобиқот 29 ва 30 июл соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ баргузор мешавад.