Нафақа аз 1 сентябр 15 дар сад меафзояд

© Sputnik / Стас ЭтвешДедушка идет по улице, архивное фото
Дедушка идет по улице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз 1 сентябри соли равон андозаи нафақаҳо боло рафта, бозҳисобӣ ва индексатсия (бо назардошти болоравии нарх дар давраи таваррум) карда мешаванд. Нафақаҳои меҳнатӣ аз рӯйи синну сол 15% ва нафақаи маъюбони корношоям 50% меафзоянд

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Дар баробари нафақа маош ва стипендияҳо низ зиёд карда мешаванд. Дар ин бора рӯзи  скешанбе зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода иброз дошт.

Дедушка отдыхает на улице в городе Худжанд, перед главной мечетью города - Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Суғд андозаи миёнаи нафақа коҳиш ёфтааст

Бо  мақсади таъмин намудани пардохти нафақаҳо бо назардошти зиёд гардидани андозаи онҳо аз ҷониби Агентӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, айни замон вобаста ба ташкил намудани  бозҳисобӣ  лоиҳаҳои санади меъёрию ҳуқуқии дохилиидоравӣ таҳия шуда, ҳамзамон корҳо ҷиҳати ташкили ҳаҷми зарурии захираи маблағ барои таъмини бозҳисобӣ идома доранд.

Ба гуфтаи ӯ, дар қонунгузории Тоҷикистон индексатсияи ҳамасолаи нафақаҳо пешбинӣ шудааст. Мувофиқи қонунгузорӣ, қисмҳои суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ ва нафақаҳои меҳнатӣ бе назардошти иловапулӣ ва кумакпулиҳо ба он бояд индексатсия шаванд.

Ба гуфтаи номбурда, маъюбони то синни 18 ва  инчунин дигар гурӯҳҳои маъюбоне, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ доранд, ба онҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақаи иҷтимоӣ таъйин карда шудааст.

Таджикские деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Буҷети суғуртаи иҷитмоӣ ва нафақа иҷро нашуд
Нафақаи онҳо 50% зиёд ва андозаи он ба шарт ва меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» баробар карда мешавад. Яъне, нафақаи маъюбии кўдаки то синни 18 агар қаблан 180 сомониро ташкил медод, пас аз амалӣ гардидани супориши дар Паём дарҷгардида, бо назардоште, ки ҳадди ақали нафақа низ дар асоси супориши дар Паём иброзшуда ба 207 сомонӣ баробар мегардад, андозаи нафақаи он аз 1 сентябри соли 2020 ба 310,5 сомонӣ мерасад.

Ёдовар мешавем, ки  ба ҳолати 1 январи соли 2020  дар ҷумҳурӣ 711 ҳазору 222 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шуда,  андозаи миёнаи нафақа дар мамлакат 303, 00 сомонӣ, андозаи  миёнаи нафақаи меҳнатӣ 363,17 сомонӣ, ҳаҷми миёнаи нафақаи суғуртавӣ 171,71 ва андозаи миёнаи нафақаи иҷтимоӣ 169, 70 сомониро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0