То 44 дараҷа: Ҳушдори Кумита аз гармои шадид давоми чанд рӯзи оянда

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкЖара в Москве
Жара в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз гармои шадид давоми чанд рӯзи оянда хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Ин ниҳод бо такя бо истинод ба Агентии ҳавошиносии кишвар гуфтааст, ки нимаи дуюми даҳаи охири моҳи июл гармтарин рӯзҳохоҳанд буд.

Свадебная церемония в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нахустин тӯйи арӯсӣ дар маҳаллаи навбунёди Чорбоғи Хуросон

Ба иттилои манбаъ, дамои ҳаво рӯзҳои 25 – 28 июл то 44 дараҷа хоҳад расид.

“Бар асари ин гармӣ дар баландкӯҳҳо эҳтимоли беш аз ҳадди интизор об шудани барфу пиряхҳо вуҷуд дорад ва ин метавонад боиси он шавад, ки дар дарёҳои Панҷу Вахш сатҳи об боло равад. Омадани сел ва рух додани обхезӣ, лағзиши тарма ва резиши санг ҳам эҳтимол дорад” ,- афзудааст манбаъ. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ба сокинон ва меҳмонони ноҳияҳои кӯҳӣ даъват кардааст, ки дар чунин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд. Бахусус ҳангоми ҳезумчинӣ, чаронидани чорво, шикор зиракиро аз даст надиҳанд. 

Кумита ҳамчунин дигарбора аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки қоидаҳои бехатариву амниятро ҳангоми оббозӣ ва будубош дар соҳили обҳо риоя намоянд. Бахусус, ба бачаҳо эътибор диҳанд, кӯдакону наврасонро беназорат нагузоранд.

Лентаи хабарҳо
0