Ба шабакаи иҷтимоии YouTube, тоза суруди нави Чоршанбе Аловатов роҳ ёфт. Аз нашри ин суруд ҳамагӣ 14 соат гузашт, аммо он аз ҷониби 2 ҳазор нафар бозбинӣ ва писандида шуд.
Суруди "Масти ту ҳастам" моли шоир ва овозхони тоҷик Самандар Пӯлодов мебошад. Замоне, Самандар бо ин суруд ба дили ҳазорон мухлис роҳ ёфта буд ва вирди забони чандин ҷонибдорони мусиқӣ гардида буд.
Мусиқӣ ва тарзи сурудани овозхони ҷавон Чоршанбе Аловатов аз Самандар Пӯлодов каме мутафовит аст. Бо усули нав иҷро шудани ин сурудро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ дарёфт намуда, истеъдоди баланди Чоршанбеи ҷавонро зикр карданд.
Соҳиба Давлатшоева дар бораи Чоршанбе Аловатов: "ӯ ифтихори Тоҷикистон аст "
Зери ин суруд дар шабаки YouTube даҳҳо нафар фикру назарашонро кошта, ҳама аз санъати воло ва овози ҷаззоби Аловатов ба ваҷд омаданд.
Ёдовар мешавем, чанде пеш овозхонони ҷавон ва машҳури Тоҷикистон Чоршанбе Аловатов ва Мадина Ақназарова суруди дуэт иҷро карда, қисме аз сурудро дар саҳифаашон нашр карданд.
Онҳо яке аз сурудҳои машҳури гурӯҳи "Парем"- "Танҳо дар ёд" - ро бозхонӣ карданд. Дар ин бора Чоршанбе Аловатов дар саҳифаи расимаш дар Инстаграм хабар дода буд.
Посмотреть эту публикацию в InstagramДорогие друзья очень скоро новая песня с @madinaaknazarova_ 🔥 Song - Tanho dar yod PAREM band