https://sputnik.tj/20200724/hushdor-Ozhons-havoshinosi-az-nomusoidii-havo-1031631704.html
Борони сел ва то 44 дараҷа гармӣ: ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ аз номусоидии ҳаво
Борони сел ва то 44 дараҷа гармӣ: ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ аз номусоидии ҳаво
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзҳои 25-28 июл дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вуҷуд омадани... 24.07.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-07-24T17:35+0500
2020-07-24T17:35+0500
2021-07-07T18:15+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102637/42/1026374292_0:114:2967:1783_1920x0_80_0_0_881294186cff5b459381f3cf6d8ad80b.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102637/42/1026374292_80:0:2809:2047_1920x0_80_0_0_d26fe2e92bb42caa7557497fe5cb0ef0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ, ожонси ҳавошиносӣ, борон
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ, ожонси ҳавошиносӣ, борон
Борони сел ва то 44 дараҷа гармӣ: ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ аз номусоидии ҳаво
17:35 24.07.2020 (Навсозишуда: 18:15 07.07.2021) Рӯзҳои 25-28 июл дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вуҷуд омадани боронҳои сел аз эҳтимол дур нест.
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Рӯзҳои 25-28 июли соли равон бо сабаби ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидани анбӯҳи ҳавои гарму хушки эронӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Туркманистон эҳтимоли баландшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.
Тавре АМИТ Ховар" бо такя ба Ожонси ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои шимолӣ ва марказӣ ҳаво то 40+42, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 42+44 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 30+35 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.
Раъду барқ ва борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз
"Бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар дарёҳои Панҷ, Ғунд, Зарафшон ва Вахш баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки инчунин 25-28 июл дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вуҷуд омадани боронҳои сел аз эҳтимол дур нест.