24 июли соли 1980, чиҳил сол пеш варзишкори панҷгонаи модерни аҳли Иттиҳоди Шӯравӣ Анатолий Старостин, дар Олимпиадае, ки соли 1980 дар шаҳри Маскав баргузор шуд, пирӯз шуд.
Дар шаҳри Маскав варзишкори 20-солаи зодаи шаҳри Душанбе соҳиби ду медали тилло гашт.
Аввалин медали тиллояшро ӯ бо рекорди ҷаҳонӣ ба даст овард. Вай дар ин мусобиқа 5568 хол ба даст овард.
Анатолий Старостин, яке аз варзишкори варзидаи панҷгонаи модерни аҳли Иттиҳоди Шӯравӣ дар тирандозӣ (пентатлон) ба ҳисоб меравад.
Исми ӯ дар соли 1980 ба китоби рекорди Гиннес ворид карда шуд. Ӯ ҷавонтарин варзишкори панҷгонаи модерн аст, ки дар Олимпиада баранда шуда буд.
Анатолий Старостин, дар давоми фаъолияти варзишиаш дар Олемпиадаҳои соли 1980 ва 1992 соҳиби ду медали тилло ва як медали нуқрагин шудааст.
Ҳамчунин, ӯ дар соли 1982 Чемпиони Иттиҳоди Шӯравӣ, дар соли 1989 Чемпиони Аврупо ва панҷ маротибаи дигар чемпиони ҷаҳон шуд. Ӯ дар дигар мусобиқоти байналмилали соҳиби чаҳор медали нуқрагин (1982, 1985, 1989, 1990) ва ду медали биринҷӣ (солҳои 1979 ва 1989) гаштааст.