Сафари кории Расулзода дар Суғд: бо Аҳмадзода ба куҷоҳо рафт?

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода посетил город Канибадам который пострадал от паводков
Премьер-министр Таджикистана  Кохир Расулзода посетил город Канибадам который пострадал от паводков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати рушд бахшидани соҳаи тандурустӣ бунёди иншооти соҳавӣ ва дастрас намудани дастгоҳу таҷҳизоти муосир ҷараён дошта, дар ин самт имкониятҳо мақсаднок истифода мешаванд

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Дар доираи  сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Хуҷанд якҷо бо раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва масъулини мақомоти давлатӣбо рафти корҳои сохтмонии иншооти соҳаи тандурустӣ ва бинои баландошёнаи истиқоматӣ шинос шуд, хабар медиҳад "Ховар".

Қоҳир Расулзода дар шаҳри Норак - Sputnik Тоҷикистон
Боздиди Қоҳир Расулзода аз мактабҳои нави ноҳияи Ховалинг
Гуфта мешавад, дар идомаи сафари корӣ Расулзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо ҷараёни бунёди иншооти таъйиноти гуногун, ки дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешаванд, шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз 535 иншооте, ки дар доираи ҷашнҳои миллӣ ба нақша гирифта шуда буданд, дар соли 2018 78 ва дар соли 2019 157 иншоот сохта ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар ин самт идома доранд.

Дар баробари равона намудани маблағҳои буҷети давлатӣ барои бунёди иншоот ва тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ саҳми соҳибкорону сокинон низ назаррас аст.

Супоришҳои Расулзода ба масъулин барои суръатбахшӣ ба корҳои сохтмонӣ дар Балҷувон

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода масъулинро вазифадор намуд, ки ҳангоми бунёди иншоот ба сифати корҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, талош намоянд, ки дар муҳлати муайяншуда иншооти ҷашниро бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта ба истфода диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0