ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон судяи суди вилояти Суғд Сангинзода Ҷурабек Абдумаҷидро бо як фармон аз вазифа озод кард.
"Шаъну шарафро паст зад": Раҳмон Турсунзодаро баъди 4 моҳ барканор кард
Котиботи президент сабаби озод шудани судяро ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан гуфт.
"Сангинзода Ҷурабек Абдумаҷид бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод карда шавад", - омадааст дар фармони президант.