ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Ӯзбекистон сӯҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳур.
Тавре манбаъ менависад, Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сӯҳбат ҳамтои ӯзбекашро бо рӯзи мавлудаш шодбош гуфтааст.
"Дар ин зимн президенти Тоҷикистон фаъолияти давлатии самараноки Шавкат Мирзиёевро ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии Ӯзбекистон ва таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ зикр кард", - менависад котиботи раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон таҳаввулоти калонмиқёсеро, ки тайи солҳои охир дар ин давлати ҳамсоя ба вуқӯъ пайвастаанд, баланд арзёбӣ карда, ба мардуми бародари Ӯзбекистон сулҳу суботи бардавом, некӯаҳволӣ ва пешрафти доманадор орзу кардаас.
Ҳангоми баррасии мавзӯъҳои калидии муносибатҳои дуҷониба тарафҳо алоқамандии худро ба рушди пайгиронаи робитаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманди гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъкид карда, ҷиҳати пешбурди минбаъдаи шарикии стратегии ду кишвар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод изҳори омодагӣ намуданд.
Баҳои баланди Шавкат Мирзиёев ба маҳорату таҷрибаи Эмомалӣ Раҳмон
Дар робита ба ҳамкории ду кишвар дар заминаи муносибатҳои бисёрҷониба тарафҳо ба масъалаҳои таъмини амният дар минтақа ва рушди вазъият дар Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир карда, атрофи раванди нигаронкунандаи паҳншавии фарогири пандемияи коронавирус изҳори ақида намуданд ва ҷиҳати вазъияте, ки дар ин замина имрӯз дар ду кишвар ба вуқӯъ пайвастааст, мубодилаи иттилоот анҷом доданд.
Президентҳо ҳамчунин як қатор масъалаҳои дигари мубрами байналмилалӣ ва ҳамкории минтақавиро муҳокима намуданд.