ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Раиси вилояти Суғд, дар нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки бо сабаби хуруҷи бемории ҳамагири каронавирус, ҳудуди 500 миллион сомонӣ кору даромад дар соҳаи саноат иҷро нашуд.
"Аз сабаби доман паҳн кардани бемории коронавирус робитаҳо ба тамоми ҷаҳон аз ҷумла бо кишвари Русия ва кишварҳои Аврупо қатъ гардид. То замони хуруҷи беморӣ қариб ҳамарӯза аз фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд то 5 тайёра бо 2 ҳазор мусофир парвоз мекард. Қариб ҳар кадоми мусофирон намояндагони касбу кори гуногуни тиҷоратӣ буданд”, - иброз намуд Аҳмадзода.
Раҷаббой Аҳмадзода дар нишасти хабарӣ гуфт, дар давраи шуюъи бемории COVID-19 ҳудуди 13 ҳазор соҳибкорони хурду миёна дар шимоли Тоҷикистон фаъолияти худро муваққатан боз доштанд. Ба ин далел то 500 миллион сомонӣ кору даромадҳо дар соҳаи саноати вилоят иҷро нагардид.
"Аз баски сарҳадҳо баста шуданд, баъзе соҳибкорони мо саривақт технологияи нав ворид карда натавонистанд. Баъзеи дигар соҳибкорон ба сафар баромада натавонистанд. Аз ҳамин лиҳоз пандемияи COVID-19 ба соҳаи иқтисодиёт осеби ҷиддӣ расонид. Бо ин вуҷуд мо коре карда ин марҳиларо паси сар мекунем”, - афзуд раиси вилоят.
Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 6576, 8 милион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин шумора назар ба ҳамин давраи соли 2019 бо назардошти индекси нархҳо 114, 4 % гуфта мешавад.
Аз 172 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда дар моҳҳои январ-июни соли 2020 истеҳсоли 80 номгуй (46, 5 %) афзуда, 87 номгуй (50, 6 %) кам шуда ва 5 номгӯйи дигар (2, 9%) истеҳсол нагардидааст. Раиси вилояти Суғд гуфт, барои беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоии вилоят, гурӯҳи вижаи корӣ иборат аз коршиносони масоили иқтисодӣ созмон дода шудааст.