ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз 20 рӯзи даргузашти падари худ дар сафҳаи Инстаграмаш акси муштаракашонро, ки дар майдони муҳориба гирифта шудааст, нашр намуд. Дар ин акс, Абдулманап пас аз пирӯз шудани Ҳабиб бар рақибаш ӯро сахт оғуш кашидааст.
Қаҳрамони UFC зери ин акс оятеро аз Қуръони Маҷид коштааст. Дар оят Худованди Бузург фармудааст, ки иззату ҳурмати волидайнро ба ҷо оред. Ва агар яке аз волидон ва ё ҳар ду ба камоли пирӣ бирасанд, сӯяшон "Туф" накунед, ба онҳо овоз баланд накунед ва эҳтиромона муносибат намоед.
Ҳузури Рамазон Қодиров дар маросими дафни Абдулманап ва сипосгузории Ҳабиб аз ӯ - навор
Худованд дар ин оят аз бандагонаш талаб намудааст, ки чун волидон пир шуданд, бояд пеши Парвардигор аз барои онҳо саҷда ба ҷо овард ва дуо намуду гуфт: "Худовандо ба онҳо раҳм кун, чун мани кӯдакро ба воя расонданд!".
Зимнан, Ҳабиб изҳори умедварӣ намудааст, ки падари марҳумаш аз ӯ ризо аст.
"Қаноатмандии волидон ин ризояти Худованд аз банда аст", - навиштааст Ҳабиб.
Гузашта аз ин размикори доғистонӣ илова намудаст, ки "падараш ба ӯ сахт намерасад".
"Шумо падар, дӯст, бародар ва мураббии ман будед. Ҳама чизро ба ман ёд додед, ҳар чизе, ки имрӯз дарёфтам, талошу заҳмати Шумо буд. Ман умедворам, Шумо аз ман розӣ ҳастед", - навиштааст Ҳабиб.
Ёдовар мешавем, Абдулманап Нурмуҳаммадов падар ва мураббии Ҳабиб дар синни 58 - солагӣ бар асари гирифтор шудан ба маризии коронавирус, бо гузашти ду моҳи маризӣ дар яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав вафот кард.
Абдулманапро дар зодгоҳаш дар Доғистон ба хок супурданд.