Суғд: ду зани гирифтори COVID -19, кӯдакони солим таваллуд кардаанд

© Sputnik / Алексей Сухоруков / Гузариш ба медиабонкПеринатальный центр.
Перинатальный центр. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати тандурустии вилояти Суғд хабар дод, ки ду ҳолати таваллудкунии занҳои дучори бемории COVID -19 сабт шудааст, ки вазъи саломатии навзодон қаноатбахш аст

ДУШАНБЕ, 22 июл – Sputnik. Сардори Раёсати тандурустии Суғд, Фаррух Мақсудзода, дар посух ба саволи рӯзноманигорон, мавридҳои таваллудкунии занони гирифтори бемории коронавируси навъи COVID-19 ро шарҳ дод.

“Ҳомилазанҳои гирифтори бемории коронавирус ду нафарро ташкил медоданд. Ҳар дуи онҳо дар беморхонаи ҷамоати Ёва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд карданд. Вазъи саломати кӯдаконашон дуруст аст ва худи модарон ҳам шифо ёфта, аз бемористон рухсат шудаанд”, - гуфт Мақсудзода.

Бино ба иттилоъи Фаррух Мақсудзода дар тӯли моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ дар Суғд, 1938 мавриди сироятёбӣ ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 1891 нафар шифо ёфта, 16 нафар фавтидаанд. Ҳоло 31 нафар дар бемористонҳои Суғд табобат мегиранд.

Беременная женщина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб ба рӯи ҳомиладорони гирифтори COVID - 19 баста шуд: куҷо раванд?

Сардори Раёсати тандурустии Суғд афзуд, дар замони шуюъи бемории коронавирус дар ҳудуди вилоят, панҷ дармонгоҳ барои муолиҷа боз карда шуд.

Таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд, бемористони клиникавии Суғд воқеъ дар Хуҷанд, беморхонаи сироятии Хуҷанд, бемористони ноҳиявии Бобоҷон Ғафуров воқеъ дар ҷамоати Ҳайдар Усмонов ва бемористони шаҳри Бӯстон аз шумори дармонгоҳҳое будаанд, ки беморони COVID-19 дар онҳо ба табобат фаро гирифта шудаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 30-уми апрел бори аввал аз дарёфти 15 мавриди бемории каронавируси навъи COVID-19 дар кишвар хабар дод, ки 10 ҳолати он дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст.

Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии Суғд дар нишасти хабарӣ гуфт, 10 ҳолати сабти ибтидои ин беморӣ дар асоси посухи тестҳо маълум шудааст, ки он вақт маълум намудани вазъи беҳдоштии сокинони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов ба шаҳри Душанбе фиристода мешуд.

Лентаи хабарҳо
0