Садамаи маргбор дар вилояти Суғд: хонум марди 61 - соларо пахш кард

© Фото : CC0 / Rico_LoebДорожный знак, архивное фото
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи нақлиётие хабар медиҳад, ки дар паи он марди 61- сола ҷон бохт

ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодиса рӯзи 20-уми июли соли 2020, тахминан соати 21:00 рух додааст.

Марги фоҷиабори мудир ва омӯзгори мактаби ятимони Ёвон ва шарҳи ВУД - акс

Бино ба гузориши манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Тўйчизода Гулрухсор, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди "Конибодом-Ҷ.Расулов", дар ҳудуди деҳаи Ҷаҳонзеби шаҳри Конибодом бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Исмоилов Анатолий Эргашевич, соли таваллудаш 1959, сокини шаҳраки Ғафуровро пахш намудааст.

"Дар натиҷа, Исмоилов А.Э. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Ба моторолу девор бархӯрд: садамаи Назаршои ҷавон ва ҳалокати як мард зери бетон

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0