Дар вилояти Суғд шумори ақди никоҳ бо хориҷиҳо афзудааст

© © из личного архива Светланы АминовойСветлана Аминова с мужем Довудом Аминовым
Светлана Аминова с мужем Довудом Аминовым - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Суғд давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳолатҳои бастани ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ афзоиш ёфтааст. Дар ин давра баъзе аз сокинони Суғд барои худ аз дигар кишварҳо ҳамсар интихоб карда, бархеи дигар бо шаҳрвандони хориҷӣ ба шавҳар баромадаанд

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Фараҳманд Нарзизода, мутахассиси Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) дар Суғд гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 18 ҳолати бастани ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ як ҳолат зиёд будааст.

“Аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Ашт 1 ҳолат, Бобоҷон Ғафуров 3 ҳолат, Бӯстон 1 ҳолат, Исфара 2 маврид, Истаравшан 3 ҳолат, Мастчоҳ 2 ҳолат, Панҷакент 2 маврид, Ҷаббор Расулов ва Хуҷанд 1 ҳолатӣ ва дар ноҳияи Шаҳристон 2 маврид сабт шудааст”, - гуфт Нарзизода дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон зимни гусели зоирини тоҷик ба Ҳаҷ - Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои уламо дар бораи дузанагӣ: иҷозат ҳаст, агар...

Бино ба иттилоъи манбаъ дар ин давра баъзе аз шаҳрвандони Суғд барои худ аз хориҷа умдатан аз кишварҳои Узбекистону Қирғизистон ҳамсар интихоб карда, бархеи дигар бо хориҷиҳо ба шаҳрвандони Узбекистон ва Қазоқистон ба шавҳар баромадаанд.

“Аз 18 мавриди бастани ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ дар 2 марид сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба шаҳрвандони кишварҳои Узбекистон ва Қазоқистон ба шавҳар баромадаанд. Дар 16 ҳолат сокинони шаҳру ноҳияҳои Ашт, Бобоҷн Ғафуров, Бӯстон, Истаравшан, Исфара, Мастчоҳ, Панҷакент, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов ва ноҳияи Шаҳристон аз ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Қирғизистон барои худ ҳамсар интихоб намудаанд”, қайд намуд, Нарзизода.

Як соли зиндагии Светлана ва Довуд: шавҳари тоҷик ҳаёти рӯзноманигори русро тагу рӯ кард

Аз Раёсати сабти асноди шаҳрвандӣ дар Суғд гуфтанд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилоят дар умум 7945 ҳодисаи бастани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам назар ба ин давраи соли гузашта 610 ҳолат кам будааст. Масъулин сабаби камшудани шумори ақди никоҳҳо дар шимоли Тоҷикистонро аз хуруҷи пандемияи COVID-19 шарҳ медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0