Тоҷикистон ба Ӯзбекистон об медиҳад: обёрии заминҳои се вилоят бо оби Тоҷикистон

© Sputnik / Всеволод Тарасевич / Гузариш ба медиабонкВодохранилище, образованное Каракумской плотиной на реке Сырдарье, архивное фото
Водохранилище, образованное Каракумской плотиной на реке Сырдарье, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Ӯзбекистон ният дорад барои таъмин намудани заминҳои се вилояташ аз Тоҷикистон об харидорӣ намояд

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Оби Тоҷикистон барои обёрии заминҳои Ӯзбекистон истифода мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати оби ин кишвар.

Ба иттилои манбаъ, созишнома оид ба истифодаи об аз ҷониби намояндагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба имзо расидааст.

Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, заминҳо дар се вилояти Ӯзбекистон - вилоятҳои Сирдарё, Ҷиззах ва ҳамчунин дар Бекободи Тошканд обёрӣ карда мешавад.

Тибқи иттилои Вазорати оби Ӯзбекистон, Тоҷикистон барои обёрии заминҳо воситаҳои техникӣ фиристодааст. Аз ҷумла, насоси A50ГO бо иқтидори 500 литр, ки дар обанбори Қайроқум насб мешавад ва тавони баланд намудани об то 10 метрро дорад. Ҳамчунин 20 насоси дигар низ насб шудааст.

Зикр мегардад,  барқарорсозӣ ва таъмири пойгоҳҳои обкашӣ аз ҳисоби Ӯзбекистон сурат мегирад. Барои иҷрои корҳо, ҳукумати Ӯзбекистон аллакай 147 ҳазор доллар ихтисос додааст.

Лентаи хабарҳо
0