ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Бино ба иттилои масъулини бошгоҳ панҷ бозигари даста мубталои коронавирус шудаанд, хабар медиҳад Podrobno.uz.
“Аз замоне ки дар кишвар аввалин шахсоне, ки ба коронавирус сироят ёфтаанд, дар тими футболи “ Пахтакор”, футболбозон ва кормандони клуб мунтазам аз санҷиш мегузаштанд. Дар натиҷа, ташхисҳои панҷ бозигари асосии “Пахтакор” мусбӣ баромад”, - гуфтанд дар даста.
Гуфта мешавад, пас аз он ки панҷ бозигар худро бад ҳис карданд ва санҷишҳои онҳо мусбат баромад, боқимонда бозигарон ва кормандон боз аз санҷиш гузаштанд.
Ба иттилои манбаъ, пас аз бозии даври 9-ум бар зидди АГМК, дар саломати баъзе аз футболбозон мушкилӣ пайдо шуд ва машқҳо муваққатан боздошта шуданд.
Бошгоҳ гуфтааст, 5 бозигаре, ки мубталои коронавирус шуданд, дар алоҳидагӣ қарор доранд ва раванди табобати онҳо аллакай оғоз ёфтааст. Бозингарон мунтазам таҳти назорати тиббӣ қарор дошта, бо тамоми воситаҳои зарурӣ таъмин мебошанд.