Фавти як судя: Додгоҳи олӣ гуфт, чанд кормандаш мубталои коронавирус шуд

© Sputnik / Амир ИсаевШермухаммад Шохиён
Шермухаммад Шохиён - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шермуҳаммади Шоҳиён, раҳбари Додгоҳи олии  Тоҷикистон омори гиритфторони коронавирус миёни судҳоро гуфт

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Роҳбари Суди олии Тоҷикистон зимни як нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, 50 кормандони суд дар кишвар гирифтор коронавирус шудаанд.

Министр образования РТ Имомзода Мухаммадюсуф - Sputnik Тоҷикистон
Вазири маориф: аз коронавирус бештар аҳли зиё зарар диданд

Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт,  мутаассифона дар пайи ин беморӣ судяи суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон фавтид.

“Боқимондаи беморон шифо ёфтанд ва кори худро дар системаи судӣ идома медиҳанд" гуфт Шермуҳаммад Шоҳиён.

Қаблан низ, Вазоратимаорифи кишвар аз гирифтории бештари кормандони соҳааш аз ин беморӣ гуфта, таъкид кард, ки аз коронавирус бештар аҳли зиё зарар дид.

Бар пояи оморҳои ахири Вазорати тандурустии кишвар, то санаи  20  июл  дар мамлакат 5629 (81,3%)  нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 57 нафар фавтидаанд.

Гуфта мешавад, дар шабонарӯзи охир 160  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 51 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

 

Лентаи хабарҳо
0