ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Сокини 30 - солаи шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи ғоратгарӣ рӯзи 20 - уми июл, тахминан соати 10:30 дақиқа дар яке аз кӯчаҳои пойтахт рух додааст.
Ахбори ВУД: ғоратгарӣ дар Данғараю кордзанӣ пеши бозори “Суғдиён”
Манбаъ меафзояд, номбурда дар кӯчаи Р.Набиев аз дасти ҷавонзани 22 - сола 800 - доллар ва 1-адад телефонии мобили тамғаи "Самсунг Ҷ-4"-ро тасарруф намудааст.
"Зимнан, пас аз ғорати ҷавондухтар ӯ аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст", - таъкид мешавад дар хабар.
Гуфта мешавад, зарари умумии раида ба ҷабрдида 9 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.