ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Рӯзи 5 августи соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад.
Баррасии тағйири ҳудуди ноҳияҳои Душанбе: Рустами Эмомалӣ вакилонро ба маҷлис хонд
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба дастгоҳи Маҷлиси миллӣ иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар иҷлосия баррасии якқатор қонунҳо дар назар аст.
Рустами Эмомалӣ хостори тағйироти кадрию корӣ дар парлумон шуд: муҳлат – 1 моҳ
Аз ҷумла баррасии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия», «Дар бораи сайёҳӣ», «Дар бораи суғуртаи ҳатмии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт», «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва як зумра қонунҳои дигар дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин рӯзи 6 августи соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум мутобиқи моддаи 55-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаи таъйини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.