“Маризии номаълум”: муриши даҳҳо гов дар Деваштич - сокинон

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкФермерское хозяйство в Чеченской Республике
Фермерское хозяйство в Чеченской Республике - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи гирифторӣ ба як маризии номаълум даҳҳо гов дар деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштич ба ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Бахтовар, як сокини ин деҳа, ки гови худро аз даст додааст, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин як маризии ноошно буда, говро аз пой мегирад ва дар як муддати кутоҳ ба ҳалокат мерасонад.

"Дар як муддати кӯтоҳ гов ба далели дарди шадиди пой аз роҳ мемонад. Ба назар мерасид, ки пойи гов ба суръати баланд мепӯсад, зеро агар дурӯғ нашавад, худ аз худ аз пойи гови мо як бор қариб 2 литр ва баъдтар боз ҳамин миқдор хун рафт. Гӯё суми гов ҳам пӯсида, аз пой ҷудо мешавад. Гови мо дар як рӯз мурд. Ростӣ, касе намедонад, ки ин чист ва алайҳи он чӣ бояд кард”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Як ҳамсӯҳбати дигари Sputnik Тоҷикистон аз ин деҳа мегӯяд, духтурон ин маризиро як навъи ҷадиди “ахсил” тахмин кардаанд, аммо мӯйсафедони деҳа мегӯянд, гов аз ин маризӣ намемирад.

Корова крестьянско-фермерского хозяйства - Sputnik Тоҷикистон
Табобати ҷадиди вируси корона бо хуни гов

"Қариб се рӯз аст, ки чорвои мардум талаф мешавад. Духтурон ҳам омада, рафта истодаанд. Маълум не, ки чӣ мешавад. Ҳоло гови мурдаро ба сой меандозанд. Тақрибан 40 – 50 гови мардуми деҳа то ин замон талаф шудааст”, - гуфт ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон.

16 июл Исмоил Андамов, сардори раёсати байторию зотпарварии Кумитаи амнияти озуқавории Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод мавориди бемориҳои сироятӣ миёни ҳайвонотро таъйид намуда, гуфта буд, ки имсол ба сабаби зуд тағйир ёфтани ҳарорати ҳаво ба вазъи саломатии чорвои хонагӣ таъсири манфӣ расид.

Ӯ аз вуқӯъи табларзаи серӯза ва бемориҳо бо аломатҳои гуногун миёни говҳо гуфт, ки ҳодисаҳои аз меъёр зиёди мурдани чорво мушоҳида шуда, дар ҷамоатҳои деҳоти Навобод ва Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор то 15 майи соли равон 45 сар чорво ба ҳалокат расидаанд.

Аммо дар деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштич бо чорвои мардум чӣ иттифоқ афтодааст, ҳоло рӯшан нест.

Лентаи хабарҳо
0