“Ихвониҳои мисрӣ дар Тоҷикистон”: кистанду бо чӣ ҷурм боздошт шудаанд? – Суди Олӣ

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкРуки в наручниках
Руки в наручниках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Суди Олии Тоҷикистон номҳои ду мисриеро, ки бо иттиҳоми узвият дар созмони “Бародарони мусалмон” (Созмони мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) боздошт шудаанд, эълон кард

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Шавкат Лутфуллозода, муовини якуми раиси Суди Олии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ду хориҷие, ки бо иттиҳоми узвият дар созмони “Бародарони мусулмон” (Созмони мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) боздошт шуда, ҳоло парвандаашон дар ихтиёри мақомоти судист, шаҳрвандони Ҷумҳурии Мисри Арабанд.

“Яке Муҳаммад Баюмӣ Ғунайм, устоди кафедраи филологияи шарқии Донишгоҳи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода ва дигарӣ, Алӣ Иброҳим Мансур Муҳаммад Алимансур, омӯзгори забони арабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд. Ҳарду дар қатори 103 нафаре ҳастанд, ки ба ҷурми узвияти дар созмони мамнуъи “Бародарони мусулмон” боздошт шудаанд. Бақия ҳама шаҳрванди Тоҷикистонанд. Ягон хориҷии дигар нест”, - гуфт Шавкат Лутфуллозода.

Суди Олӣ дар бораи шаҳрвандони Миср аз ин зиёд маълумот надод, аммо бино ба маълумоте, ки аз манобеъи гуногун ба Sputnik Тоҷикистон дастрас шуд, Муҳаммад Баюмӣ 66 – сол дошта, соли 2004 ба Тоҷикистон меояд ва аз ҳамон вақт ба ин сӯ дар Донишгоҳи забонҳо ва як муддат ҳамзамон дар Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам низ дарс додааст. Донишҷӯёни ин донишгоҳҳо мегӯянд, ӯ ҳамеша аз аксгириҳои ҷамъӣ парҳез мекард ва пас аз боздошташ натавонистаанд, ки аксеро аз ӯ пайдо кунанд. Ба қавли онҳо, ӯ кори магистириву номазадиашро дар Тоҷикистон анҷом дода, моҳи июн бояд рисолаи докториро ҳимоя мекард.

Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Махфӣ нест”: тафсилоти нави парвандаи “Бародарони мусалмон”

Бино ба ин манобеъ, Алӣ Иброҳим Мансур низ беш аз 60 сол дошта, соли 2008 ба Тоҷикистон омадааст. Аввал дар Донишкадаи исломӣ аз улуми исломӣ ва забони арабӣ ва як соли ахир дар Донишгоҳи миллӣ дарс мегуфт.

Бино ба иттилои Суди Олӣ, аъзои созмони “Бародарони мусулмон” (Созмони мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) аз рӯи шаш моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла 187, қисми 1 – “ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (аз 15 то 20 сол), 307 – 1 – “даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (аз 2 то 5 сол), 307 – 2 – “ташкили иттиҳоди экстремистӣ (аз 8 то 12), 307 – 3 – “ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ” (аз 5 то 8 сол), 107 – “дузанагӣ” (як ҳазор нишондиҳанда ё 2 соли корҳои ислоҳӣ) ва 347 – “хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он” (аз 500 то 1000 нишондиҳанда) муттаҳам мешаванд.

Маълум нест, ки ду мисрӣ аз рӯи кадом моддаҳо муттаҳам мешаванд. Бино ба иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, то ба ҳол 132 узви созмони “Бародарони мусулмон” (“Ихвон – ул – муслимин”, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) боздошт шуда, 73 нафари дигар дар кофтуков қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0