Омори тозаи гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевЖители города Душанбе в защитных масках на улице
Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 44 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, теъдоди гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон аз 30 апрел то 19 июл ба 6 ҳазору 878 нафар расид.

Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷазои ҷавоне, ки худро корманди мақомоти зидди коррупсия гуфта, аз мақомдорон пул гирифт

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 5 ҳазору 578 нафар ё худ беш аз 81%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 57 нафар фавтидаанд.

"Шабонарӯзи охир 168 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 49 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд",-илова намуданд аз маркази матбуоти вазорат.

Таъкид шудааст, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Манбаъ илова намуд, ки ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Лентаи хабарҳо
0