ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Тибқи иттилоияи додситонии кул, тайи шаш моҳи гузашта ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории андоз 239 маротиба санҷида шуд.
Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа 1546 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддию маъмурӣ кашида шуда, 37 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 122,7 миллион сомонӣ ба буҷет ворид карда шуд. Инчунин баҳри рӯёнидани бақияи қарзи андозҳо ба судҳо ба маблағи 7,2 миллион сомонӣ аризаҳои даъвогӣ пешниҳод карда шудаанд.
Дар мавриди қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, додситонии кул иттилоъ дод, ки 744 қонуншиканӣ ошкор ва нисбати шахсони гунаҳкор 240 парвандаҳои маъмурӣ оғоз гардид. Барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 96 амр дода шуда, 358 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.
Додситонии кул афзуд, ки барои нақзи қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, қонуншиканиҳои зиёд ошкор карда шуда, 1935 нафар ба ҷавобгарии интизомию моддӣ ва маъмурӣ кашида, 157 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардиданд.