ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Дар оянда Африқо ба ду қисм ҷудо мешавад. Дар ин бора олимон пас аз таҳлили ҳаракати плитаҳои тектоникӣ дар материк ба хулоса омаданд.
Africa is splitting apart, creating a new ocean. Like we didn't have enough oceans.https://t.co/Pr5Ib8aQC7
— Jazz Shaw (@JazzShaw) July 17, 2020
Ба гуфтаи коршиносон, ин раванд аллакай ҷараён дорад. Тарқиш дар ҷанубу ғарби Кения, ки ногаҳон якчанд сол пеш ба вуҷуд омадааст, аз ин таҳавуллот шаҳодат медиҳад. Дарозии он ба якчанд километр мерасад. Чуқурияш то 15 метр ва паҳноии он 20 метрро дарбар мегирад.
Африка раскалывается на две части, и этому есть подтверждение! В юго-западной части Кении появилась крупная трещина pic.twitter.com/x3MXSkkyFF
— CGTN на русском (@cgtnrussian) April 1, 2018
Илова бар ин, дар минтақаи Афар ва Эфиопия низ як макони шабеҳ мавҷуд аст. Он якбора дар се плитаи тектоникӣ ҷойгир аст, ки оҳиста дар самтҳои гуногун аз ҳамдигар ҳаракат мекунанд.
Тарқиш, ки дар соли 2005 ташкил шуда буд,ҳамасола рӯ ба афзоиш дорад. Ҳоло дарозии он ба 56 километр мерасад. Ҳамаи ин аз тақсимоти ногузири Африқо шаҳодат медиҳад, мегӯянд коршиносон.
Олимон тахмин мезананд, ки дар байни ду қисмати ҷудошудаи Африқо уқёнуси нав ба вуҷуд хоҳад омад. Аммо барои пайдошудани уқёнус 5 - 10 миллион сол лозим аст. Уқёнуси нав аз обҳои халиҷи Аден ва Баҳри Сурх ба вуҷуд меояд.
Таъкид гардидааст ,ки замоне Баҳри Сурх ва Халиҷи Адан низ бо сабаби плитаҳои тектоникии Африқо ва Араб ба вуҷуд омада буданд.