Хайр барои таъмини Кӯлоб бо оби ошомиданӣ

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро
Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти иҷроияи вилояти Хатлон аз оғози сохтмони чоҳҳои амудӣ дар ҳудуди ноҳияи Муъминобод, барои таъмини маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб бо оби ошомиданӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Хатлон, 18-уми июли соли ҷорӣ дар мавзеи Тутуи ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод сохтмони чоҳҳои амудӣ бо мақсади дар оянда таъмин намудани аҳолии маҳаллаю кӯчаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб бо оби нӯшиданӣ оғоз карда шуд.

Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ва Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Саҳми генерал-полковник Раҳимзода дар таъмини Хоруғ бо об

Манбаъ афзуд, ки дар маросими оғози сохтмони чоҳҳо, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир иштирок доштанд.

Қайд гардид, ки барои аниқ намудани хатҳои оби гузаранда дар чуқуриҳои аз 100 то 200 метр аз корхонаи "Геологияи тоҷик" мутахассисон ҷалб гардидаанд, то ки барои то ба шаҳри Кӯлоб кашидани об аз ин мавзеъ осонтар гардад.

Тибқи иттилои корманди корхонаи обу ташноби шаҳри Кӯлоб Сайдалиев Шариф, дар ин мавзеъ 4 чоҳи амудӣ канда мешавад ва аҳолии маҳаллаҳои Ҷомӣ, Сино ва дигар маҳаллаҳои беоби шаҳр ба оби ошомиданӣ дастрасӣ пайдо хоҳанд кард.

Котиботи ҳукумати Хатлон афзуд, аз тарафи пирони рӯзгордидаи маҳалла ба ташаббускорон ва хайркорон дуои нек дода шуд.

Инчунин 18 июл дар кӯчаи Хатти роҳи шаҳри Кӯлоб 6 нуқтаи хатти оби ошомиданӣ барои 530 хоҷагӣ ифтитоҳ ёфт. Ҳукумати Хатлон таъкид кард, ки чунин нуқтаҳо дар доираи барномаҳои давлатӣ ва корҳои хайру эҳсонкорӣ аз тарафи шахсони саховатпеша дар дигар кӯчаҳои камоби шаҳр низ марҳила ба марҳила анҷом дода мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0