Ҷашнҳои рӯзи 18 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 18 июля
День 18 июля - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи ҳаждаҳуми июл ҳамчун рӯзи байналмилалии Нелсон Мандел ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз дар Русия Рӯзи хизматчиёни хадамоти ҳифзи ҳуқуқи корҳои дохилӣ таҷлил мешавад

Рӯзи 18 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Cоли 1916 иттифоқҳои касабаи Англия ба мувофиқа расиданд, ки ҳангоми амалиёти ҷангӣ таҷлил намудани ҷашнҳо манъ карда шавад.

День 17 июля - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 17 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Cоли  1923 мувофиқи қонуни модаршоҳӣ ба занони британиягӣ ҳангоми ҷудошавии  оилаҳо ҳуқуқи бо мардон баробар дода шуд.

Cоли 1948 дар Коста-Рика фаъолияти Ҳизби коммунистӣ қатъ карда шуд.

Cоли 1985 аввалин "Тетрис" сохта шуд. Он яке аз бозиҳои машҳури компютерӣ мебошад, ки аз ҷониби  барномасози рус Алексей Пажитнов сохта шудааст.

Ҷашнҳои рӯзи 16 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1950   Англия содироти нафтро ба Чин манъ кард.

Соли 1968  ширкати "Intel" таъсис дода шуд.

Соли 1872 дар Британияи Кабир аввалин маротиба дар интихобот овоздиҳии пинҳонӣ ба қайд гирифта шуд.

Соли 1931 дар Америка аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон киштие, ки дар он ҳавополо (кондиционер) насб гардида буд, ба ҳаракат даромад.

Рӯзи 18 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1997 Конференсияи таъсиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 2009 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистон ва Россияро муҳокима намуданд.

 

© Sputnik / Александр Астафьев / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр РФ Д. Медведев встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмоном
Ҷашнҳои рӯзи 18 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон  - Sputnik Тоҷикистон
Премьер-министр РФ Д. Медведев встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмоном

 

Соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо корҳои кишоварзӣ ва мулоқоту суҳбат бо мардум ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар карданд. Сарвари давлат бо фаъолияти як зумра хоҷагиҳои деҳқонӣ, шабакаҳои обрасонӣ, маркази илмию таҷрибавии Академияи кишоварзӣ ва корхонаи парвариши гулмоҳӣ шинос шуданд.

Соли 2017 сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро ба имзо расониданд.

Ҷашнҳои рӯзи 18 июл

Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандел.

Дар Испания- Рӯзи меҳнат.

Дар Русия- Рӯзи хизматчиёни хадамоти ҳифзи ҳуқуқи корҳои дохилӣ.

Дар Уругвай – Рӯзи Конститутсия.

Лентаи хабарҳо
0