Садама дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: ВУД аз қурбонии ҳодиса гуфт

© PixabayДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Худи ронанда ва як мусофири дигари нақлиёт дар натиҷаи садама маҷрӯҳ шуда, ба бемористон интиқол дода шудаанд

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи мудҳиш дар ҳудуди шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд хабар додааст. Бино бар иттилои манбаъ, дар натиҷаи ҳодиса як тан ҳалок ва ду кас захмӣ шудаанд.

Автомобиль после ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи марговар дар ноҳияи Ашт: ронанда мошинро чаппа кард
Тавре ВУД менависад,16-уми июли соли 2020, Тахминан соати 16:40-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Сатторов Азимбой Дилмуродович, соли таваллудаш 1997, сокини ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Спитамен ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен, аз ӯҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромадааст.

Худрави ӯ ба тарафи чапи роҳ баромада, ба дарахти бед бархӯрдааст.

Дар натиҷа мусофираш Масолиев Азизбек Маъруфҷонович, соли таваллудаш 2001, сокини ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷ.Расулов аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Садамаи маргбор дар шоҳроҳи "Хуҷанд-Конибодом"

Инчунин худи ронанда Сатторов А.Д. ва дигар мусофиронаш Абдуллоев Вайдуллоҷон Соҳибҷонович, соли таваллудаш 2002 ва Ниёзов Қобилҷон Боҳирович, соли таваллудаш 2002, сокинони ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷ.Расулов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистари гардидаанд.

Аз руи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дора.

Лентаи хабарҳо
0