Нархи газ боз гарон шуд: аз 4 сомонӣ ҳам гузашт

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкРабота АЗС в Москве
Работа АЗС в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Арзиши гази моеъ умдатарин маводи сӯзишвории воситаи нақлиёт дар Тоҷикистон то ба 4, 5 сомонӣ баланд шудааст. Ҳоло назар ба як моҳи пеш арзиши газ беш аз 50 % боло рафтааст

ДУШАНБЕ, 18 июл – Sputnik. Тайи ду се рӯзи охир, арзиши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон аз 4 сомонӣ ҳам гузаштааст. Манобеъи Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло қиммати як литр гази моеъ дар шаҳру ноҳияи Хатлон ба 4, 5 сомонӣ ва дар шаҳру навоҳии Душанбе ва Суғд то ба 4, 2 ва 4, 3 сомонӣ дакка хурдааст.

Ронандагон мегӯянд, баланд шудани нархи газ дар замони ҳамагирии COVID -19 ба вазъи бе ин ҳам хароби ҷайби онҳо таъсир мерасонад.

"Мо аз ҳисоби ронандагӣ рӯзи меёбем, яъне ба мусофиркашонӣ (такси) машғулем. Арзиши хизматрасонии мусофирбарӣ дар шаҳр барои як нуқтаи сафар то 10 сомонӣ муқаррар шуда буд, аз сабаби қимат шудани нархи газ, ҳеҷ ронанда бо ин нарх мусофир намекашонад. Зеро нархи ин хизматрасонӣ, хароҷоти хариди сӯзишвориро намебарорад", - гуфт мусоҳиби мо, ронандаи таксӣ.

Роҳбарони ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ, беш аз 50 % дарсад гарон шудани нархи газ дар зарфи як моҳи охирро дақиқан шарҳ намедиҳанд.

Цистерна прицепленная к грузовику, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нархи газ бояд 3,2 сомонӣ бошад: шарҳи Муминзод дар бораи монополия, нарх ва санҷиш

Ин дар ҳолест, ки қимати гази моеъ дар оғози сабти хуруҷи бемории коронавирус дар моҳи май дар Тоҷикистон ҳамагӣ 2, 5 сомонӣ арзиш дошт. Аммо бо гузашти як моҳ ҳоло нархи ин маводи асосии ҳаракатдиҳандаи восиати нақлиёт дар Тоҷикистон ба 4, 5 сомонӣ расидааст.

Иктишофи нафту гази Тоҷикистон: танҳо ду ширкат, ҳарду ҳам кор намекунанд

Баъзе аз соҳибназарон мегӯянд, баланд рафтани нархи газ дар рӯзҳои охир, ба афзоиши гаштугузори мошинҳо дар роҳу ҷодаҳои Тоҷикистон пас аз замони хатми қарантинаи хонагӣ аст.

Шариф Толибов як коршиноси масоили иқтисодӣ дар суҳбат Sputnik Тоҷикистон афзуд, аз ҳисоби зиёд шудани ҳаракати мошинҳо, якбора нархи газ ҳам боло рафт.

"Ааксари воситаҳои нақлиёт ҳоло дар кишвар аз ҳисоби гази моеъ ҳаракат мекунанд ва назар ба дигар маводи сӯзишворӣ аз ҷумла бензин ва дизел (солярка) ҳоло қиммати ҳамин газ ба таври мулоҳиза баланд рафтааст", - гуфт коршинос.

Бархе дигар аз коршиносон гуфтанд, ки ҷониби ширкатҳо ҳоло чандон ҳавасманди ворид кардани ин навъ маводи сӯзишворӣ набудаанд.

Дар Тоҷикистон маводи сӯхт, аз ҷумлаи гази моеъ ва бензину дизел аз хориҷа, асосан аз кишвари Русия ва Қазоқистон тавассути қаламрави Қирғизистон ворид мешавад.

Дар соли гузаштаи 2019 бино ба маълумотҳои омории мақомоти гумрук беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, қариб 180 ҳазор тон бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба кишвар ворид шудааст. "Фароз”, "Газпром", "Газойл", "Роҳи Сомон" ва “Суғднефт” аз бузургтарин ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Лентаи хабарҳо
0